Август 01, 2018 08:56 Asia/Dushanbe

Муовини собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муътақид аст, ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон, ҳушдори ҷиддии ҳастаҳои хуфтаи гурӯҳи террористии ДИИШ барои кишварҳои минтақа аст.

Ба гузориши “Спутник”, Артур Мададбеков гуфтааст, дар пайи шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурияву Ироқ, акнун теъдоде аз нерӯҳои онҳо дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мустақар мешаванд, ки таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти минтақа хоҳад буд.

Ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон нишон медиҳад, ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ метавонанд иқдомоти мушобеҳеро дар Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом диҳанд.

Саркардагони гурӯҳи шикастхӯрдаи ДИИШ иртибот бо ҳастаҳои хуфтаи ин созмони такфириро дар дохили кишварҳои Осиёи Марказӣ барқарор кардаанд ва дар сурати зарурат, даст ба ҳамалоти террористӣ хоҳанд зад.

Албатта равишҳои ин ҳамалот метавонад мухталиф бошад, ки шомили зер гирифтан бо мошин, зарба бо корд, заҳролуд кардан ва ...аст.

Муовини собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъкид мекунад, қаблан эълом шуда буд, гурӯҳи террористии ДИИШ барои созмондеҳии ҳамалоти террористӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 70 миллион доллар ихтисос додааст, ки ин таҳдид бояд сабаби ҳамкории наздики хадамоти амнияти кишварҳои ин минтақа барои хунсосозӣ ва ҷилавгирӣ аз ин иқдомоти вайронкорона шавад.

Ин матлаб дорои файли савтӣ аст, ки метавонед бишнавед.