Боздошти теъдоди дигаре аз муттаҳамони ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37037-Боздошти_теъдоди_дигаре_аз_муттаҳамони_ҳамлаи_террористӣ_дар_Тоҷикистон
Як сомонаи хабарӣ муддаӣ шудааст, дар идомаи амалиёти шиносоии муттаҳамони ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон, теъдоди дигаре аз муттаҳамон боздошт шудаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 01, 2018 11:18 Asia/Dushanbe
  • Боздошти теъдоди дигаре аз муттаҳамони ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон

Як сомонаи хабарӣ муддаӣ шудааст, дар идомаи амалиёти шиносоии муттаҳамони ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон, теъдоди дигаре аз муттаҳамон боздошт шудаанд.

Сомонаи «Ахбор» ин афродро сокини Норак муаррифӣ кардааст.

Дар пайи куштори чор сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, дар шаҳри Норак ва атрофи он  10 нафарро  ба иттиҳоми даст доштан дар он ҳамла ва фаъолиятҳои дигари экстремистӣ боздошт кардаанд. Ҳамчунин аз 9 омили аслии ин ҳамлаи террористӣ, се нафар сокини шаҳри Норак будаанд.

Гуфта мешавад, чанд нафар аз боздоштшудаҳо, аз ҷумла ду тан аз муҳоҷимони аслӣ (Аслиддин Юсуфов ва Ҷаъфариддин Юсуфов) аз шаҳри Норак ҳастанд.

Ин ду бародари нотанӣ (угай) дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон пас аз ҳодисаи рӯзи якшанбе кушта шуданд.