Август 01, 2018 20:55 Asia/Dushanbe
  • Ба зиндон маҳкум шудани аъзои як гурӯҳи террористӣ дар Тоҷикистон

Додгоҳи шаҳри Душанбе 14 узви як шабакаи байналмилалии террористиро ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон,  фаъолияти ин гуруҳ  аввали соли равон ошкор шуд. Бар асоси иттилоияи Кумита, гуруҳи мазкур таҳти роҳбарии Гулов Фахриддин, сокини 25-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо лақаби "Анас" ва Азамов Маҳмудҷон, сокини  25-солаи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон қасди анҷом додани амалҳои террористиро доштаанд.

Аз ҷумла Кумита иттилоъ додааст, ки гуруҳ қасди анҷом додани амали террористӣ дар назди пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанберо дошта, давоми чанд рӯз ба омӯзиши ин маҳал машғул будаанд.

Гулов Фахриддин дар гузориши нашркардаи Кумитаи амният изҳор доштааст, ки "мақсади гузаронидани амалиётҳои террористӣ дар назди дивизия 201-уми ФР асосан ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон буд, то ки дар руҳияи мардум тарсу ваҳм ҷой карда шавад ва нисбат ба оромию амнияти ҷумҳурӣ ҳисси нобоварӣ пайдо гардад".

Дар идома Кумитаи амнияти миллӣ аз Фахриддин Гулов ва Маҳмудҷон Азамов фаъолони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ном бурда, таъкид намудааст, ки онҳо таълимоти динӣ ва омодагии террористӣ — диверсиониро дар қаламрави Афғонистон гирифтаанд.

Кумита таъкид намудааст, ки Гулов Фахриддин соли 2016 шомили Ҳизби наҳзати исломӣ шуда, тариқи хатсайри ҳавоии "Челябинск-Маскав-Боку-Теҳрон-Кобул" ба Афғонистон  сафар карда ва он ҷо ба сафи ҷангиёни ТТЭ ҲНИ, ки дар ҳайати гуруҳи террористии "Давлати исломӣ", воқеъ дар минтақаи Ачини шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳор муқобили артиши давлатӣ меҷангиданд, пайваст шудааст.

Мақомоти амнияти милллӣ нишондоди Гуловро нашр кардаанд, ки дар бар асоси он дар Афғонистон онҳоро Хабоб, ҳамчун амири тоҷикҳо роҳбарӣ мекардааст. Баъдан Гуловро тариқи Туркия ва Қирғизистон ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Низомиёни пойгоҳи 201 хотираи қаҳрамононеро, ки барои ҳокимияти советӣ ҷон додаанд, пос доштанд

Кумита изҳор доштааст, ки Азамов Маҳмудҷонро намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ,  Хабоб бо мақсади амалӣ намудани амалҳои террористӣ тавассути вилояти Бадахшон  ба Тоҷикистон фиристодааст.