Август 02, 2018 08:05 Asia/Dushanbe
  • Коршинос: Решаи фасоди молӣ дар Тоҷикистон дар маоши кам нест

Корманди аршади Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон муътақид аст, ки иллати афзоиши дарёфти ришва дар ин кишвар маоши ками кормандони идораҳо нест.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, хонум Нигора Ҳокимӣ дар нишасти хабарии масъулони ин ниҳод дар Душанбе дидгоҳи хабарнигоронеро, ки муътақиданд, маоши ками кормандони идороти ҳукуматӣ яке аз омилҳои рушди дарёфти ришва дар Тоҷикистон аст, рад кард. Хонум Ҳокимӣ кишварҳои Сингапур ва Чинро мисол зад, ки бо вуҷуди мизони болои даромади молии кормандон бо мушкили ҷиддии фасоди молӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди тадбирҳои ҳукумат дар заминаи мубориза бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ ин маворид коҳиш наёфта ва Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ дар ҷойгоҳи номатлуб қарор дорад. Корманди аршади Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон муддаӣ аст, ки танҳо бо афзоиши сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум ва ҳамкории наздики матбуот, расонаҳои хабарӣ, аҳзоб, созмонҳои сиёсӣ ва иҷтмоӣ бо ҳукумат метавон бар фасоди молӣ пирӯз шуд.

Дар ин нишаст аз афзоиш мавориди ҷурму ҷиноятҳои муртабит бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол ибрози нигаронӣ шуд. Ба гуфтаи масъулони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, дар ин муддат 188 мавриди ҷурму ҷинояти муртабит ба фасоди молӣ ва ришвахорӣ сабт шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 44 маврид бештар аст. Хисороти ворида ба давлат бар асари ин ҷурму ҷиноятҳо 334 миллиону 700 ҳазор сомонӣ (муодили 35 миллиону 500 ҳазор доллар) мебошад, ки 51 дарсади ин маблағ ба буҷаи давлат бозгардонида шудааст. Дар ин миён Вазорати тандурустӣ бо 66 маврид, Кумитаи замин бо 64 маврид ва Вазорати маориф ва илм бо 63 мавриди дарёфти ришва фасодзадатарин ниҳодҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шудаанд.