Август 02, 2018 08:20 Asia/Dushanbe
  • Коршинос: Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон аз ДИИШ ғофил мондаанд

Коршиноси Маркази омӯзиши масоили Афғонистон дар Русия мегӯяд, тамаркузи ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон бар мубориза бо Ҳизби наҳзати исломӣ онҳоро аз ДИИШ ғофил кардааст.

Ба гузориши “Спутник”, Андрей Серенко бо ишора ба мавзӯи ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва нақши гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин моҷаро гуфтааст, ки дар дохили ин кишвар таъсири таблиғоти ин созмони такфирӣ нодида гирифта мешавад. Ӯ муътақид аст, ки иртибот додани ин ҳодиса ба Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳоле ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамла ба гардишгаронро бар уҳда гирифта, иштибоҳ аст, зеро гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон саргарми тасарруфи манотиқи бештар мебошад, то қаламрави таҳти контроли худро густариш диҳад.

Ба гуфтаи Серенко, Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ дар хориҷ машғули иқдомоти таблиғотии мусолиматомез барои муаррифии барномаҳои хеш ба унвони як гурӯҳи мухолифи сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон аст, аммо иқдоми ахир дар ноҳияи Данғара натоиҷи таблиғоти гурӯҳи ДИИШ аст, ки нишон медиҳад, ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон бояд равишҳои фаъолияти хешро дар мубориза бо терроризм тағйир диҳанд. Ӯ афзуд, ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ҳама таваҷҷуҳи худро ба мубориза бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мутамаркиз карда, аз фаъолияти таблиғотии гурӯҳи ДИИШ ғофил мондаанд, аз ин рӯ, зарурат дорад, ки дар Тоҷикистон ба барномаи иқдомоти пешгирона дар мубориза бо терроризм таваҷҷуҳ кунанд.

Ба гуфтаи Серенко, ин ки мақомҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон пас аз рух додани ҳамалоти террористӣ ба нобуд кардани афрод мепардозанд, дерҳангом аст.