Барканории 16 имоми масҷид дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 03 Aug 2018 12:21:33 GMT )
Август 03, 2018 17:21 Asia/Dushanbe
  • Барканории 16 имоми масҷид дар Тоҷикистон

Теъдоде аз имомони масҷидҳои вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон барканор шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, раиси Кумитаи дин, ҷашн ва маросими вилояти Суғди Тоҷикистон дар нишасте гуфт, ки ин имомони масҷидҳо пас аз баргузории имтиҳони салоҳият ва ба далели надоштани дониши кофии динӣ ва сиёсӣ барканор шуданд.

Суҳроб Рустамзода афзуд, вазоифи ин имомони масҷидҳо ба таври муваққат бар дӯши муовинонашон гузошта шудааст.

Дар солҳои охир баъзе аз руҳониён ва хатибони масоҷиди Тоҷикистон ба иттиҳоми иқдомоти зиддиҳукуматӣ ва иртибот бо кишварҳои хориҷӣ, барканор ё маҳкум ба ҳабс шудаанд.