Август 03, 2018 17:51 Asia/Dushanbe
  • Оғози пазириши донишҷӯёни узбакистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон

Раиси кумитаи илм, фарҳанг ва ҷавонони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон эълом кард, раванди пазириши донишҷӯёни узбакистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши сомонаи русизабони "Подробно" дар Узбакистон, хонум Лутфия Раҷабова дар як мизи гирди байналмилалӣ дар Тошканд, пойтахти Узбакистон афзуд, донишҷӯёни узбак метавонанд то сатҳи докторӣ дар тамоми донишгоҳҳо ва марказҳои илмии кишвари Тоҷикистон таҳсил кунанд.

Пеш аз ин дар пайи сафари моҳи марти Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳурии Узбакистон ба Тоҷикистон, баъзе донишгоҳҳои ду кишвар аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Самарқанди Узбакистон ва Донишкадаи фаннии Хуҷанди Тоҷикистон тавофуқномаҳои дуҷонибаеро дар заминаи табодули донишҷӯ имзо карда буданд.

Тоҷикистон ва Узбакистон, ду кишвари ҳамсояи Осиёи Миёна, пас аз марги Ислом Каримов раиси ҷумҳурии Узбакистон, дар ҳоли тай кардани раванди пуршитоби густариши муносибот ҳастанд.

Ҳамакнун як ҳайати баландпояи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон меҳмони Узбакистон аст.