Август 03, 2018 18:17 Asia/Dushanbe
  • Тағйири дигарбораи  қонуни мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон

Бо тағйири қонуни мубориза бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ, аз ин пас мақомоти муттаҳам ба фасоди молӣ ба ҷойи пардохти ҷарима, маҳкум ба зиндон хоҳанд шуд.

Ба гузориши Ховар, рӯзи панҷшанбе намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон бо тағйири қонуни мубориза бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ, пешниҳоди ҳукуматро дар заминаи ташдиди муҷозоти  ришвахорон пазируфтанд.

Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бо суханронӣ дар ҷамъи намояндагон гуфт, аз ин пас муҷозоти афроди боздоштшуда ба ҷурми фасоди молӣ ташдид ва онҳо ба таври ҳатмӣ маҳкум ба зиндон хоҳанд шуд.

Пеш аз ин ва бар асоси тағйироти воридшуда ба қонуни ҷиноӣ аз сӯи Маҷлиси Тоҷикистон дар рӯзи 10 феврали сол 2016, муттаҳамон ба фасоди молӣ метавонистанд ба ҷойи ҳабс, бо пардохти ҷарима аз муҷозот озод шаванд.

Дар айни ҳол Тоҳир Нуров муовини раиси Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба хабаргузории Азия-Плюс гуфтааст, тағайироти воридшуда дар соли 2016 ба қонуни мубориза бо фасод натавонист сабаби коҳиш ин ҷурм дар Тоҷикистон шавад.

Бо вуҷуди иқдомоти солҳои ахири ҳукумати Тоҷикистон дар ростои мубориза бо фасод, созмонҳои байналмилалӣ мизони фасод дар ин кишварро боло медонанд.