Август 03, 2018 19:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 21-дарсадии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Раиси Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи тиҷорати хориҷии ин кишвар дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориш хабаргузории Форс, Хуршед Каримзода гуфт, тиҷорати хориҷии ин кишвар дар нимаи аввали соли ҷорӣ, ду миллиарду 46 миллион доллар буд, ки 362 миллион доллар ё 21 дарсад бештар аз замони мушобеҳи соли гузашта аст.

Аз ин маблағ 517.7 миллион доллар марбут ба содирот ва як миллиарду 528 миллион доллар низ марбут ба воридоти молу маҳсулот аст.

30 дарсади маҳсулоти Тоҷикистон ба Қазоқистон содир шудааст ва Туркия бо 25.8 дарсад ва Узбакистон бо 12.9 дарсад дар мавқеиятҳои дувум ва севум қарор доранд ва танҳо чаҳор дарсад аз маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия содир шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки 29.3 дарсад аз маҳсулоти воридотии Тоҷикистон марбут ба Русия аст ва Маскав яке аз кишварҳои аслии воридкунандаи маҳсулот ба Душанбе ба шумор меравад.

Чин бо 19 дарсад ва Қазоқистон бо 17 дарсад дар мавқеиятҳои дувум ва севум баъд аз Русия қарор доранд.

Тоҷикистон ба таври умда маҳсулоти хомро содир ва тақрибан тамоми маҳсулоти омода лозимро аз хориҷ ворид мекунад.

Тоҷикистон дар маҷмӯъ тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бо 96 кишвари мухталифи ҷаҳон додугирифт кардааст.