Ихтилофоти ширкатҳои нафтии хориҷӣ дар Тоҷикистон боло гирифт
Ширкати нафтии канадаии "Тетис петролиюм" дар як додгоҳи байналмилалӣ алайҳи ду шарики чинӣ ва фаронсавии худ бар сари як майдони нафтӣ дар Тоҷикистон шикоят кардааст.
Ба гузориши сайти "СА-нюс", ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи майи имсол намояндагони ду ширкати нафтии чинӣ ва фаронсавӣ дар додгоҳи байналмилалӣ барои дарёфти 9 миллион доллар хисорот алайҳи шарики канадаии худ шикоят карда буданд.
Ширкати канадаии "Тетис петролиюм" муддаӣ аст, ки ду ширкати нафтии чинии "Си Эн Пи Си" ва фаронсавии "Тотал" бояд барои ҷуброни хисороти молии ворида дар созишномаи муштаракашон 10 миллиону 100 ҳазор доллар пардохт кунанд.
Мавзӯи ин тавофуқи сеҷониба байни ин ширкатҳои нафтии истихроҷи нафт аз майдони Бохтар, дар ҷануби Тоҷикистон будааст.
Ду ширкати чинӣ ва фаронсавӣ низ далели шикояти худ аз "Тетис петролиюм"- ро амал накардани ин ширкати канадаӣ ба тааҳҳудоташ дар заминаи истихроҷи муштараки нафт аз майдони нафтии Бохтар унвон кардаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2008 ҳаққи иктишоф ва истхроҷи нафт аз майдони Бохтарро ба муддати 25 сол ба ширкати канадаии "Тетис петролиюм" эъто карда буд.
Ин ширкат дар соли 2012 аз шиносоии захоири бузурги нафту наз дар майдони Бохтар хабар дод ва муҷиби вуруди ширкатҳои чинӣ ва фаронсавӣ ба ин тарҳ шуд.
Бар асоси тавофуқи сеҷониба қарор шуд, ки ин се ширкат бо саҳмия мусовии 33 дарсадӣ истихроҷи нафт аз ин майдонро оғоз кунанд.
Аммо аз сентябри соли 2015 ин се ширкат дар иҷрои ин тарҳ дучори ихтилофот шуданд, ки пойи онҳоро ба додгоҳи байналмилалӣ кашондааст.