Август 04, 2018 16:03 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ

Прокуратураи генералии Тоҷикистон шоми 3 август бо нашри як изҳороти ҷадид дубора ҳизби дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро ба куштори 4 сайёҳи хориҷӣ дар Данғара айбдор кард ва бидуни овардани далели наве гуфт, ҳамлагарон на аз ДОИШ, балки аъзои ҲНИТ буда, "зери пӯшиши парчами ДОИШ” ва "дар асоси нақшаи қаблан дар хориҷи кишвар тарҳрезишуда” даст ба ин ҳамла задаанд.

Ба нақл аз Форс, Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар изҳороташ бори аввал куштори сайёҳон дар ноҳияи Данғараро амали террористӣ номид: "Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки кирдори содиршуда амали террористӣ буда, бо мақсади ноором сохтани вазъият, ба вуҷуд овардани фазои тарсу ваҳм дар ҷомеа ва иснод овардан ба нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ содир карда шудааст.”

Ба ақидаи прокуратура, нашри видеои ба ДОИШ қасам ёд кардани ҳамлагаон "бо мақсади дур кардани гумон аз ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом, ки фармоишгари асосии амали террористии мазкур мебошад, ташкил карда шудааст.”

Бино ба изҳороти Прокуратура, зодагони ноҳияи Панҷ – Абдусамадов Ҳусейн, Зафарҷон Сафаров ва Асомуддин Маҷидов ва сокинони Норак – бародарон Аслиддин ва Ҷаъфар Юсуповҳо – 5 нафареро, ки қабл аз ҳамлаи рӯзи 29 июл дар як видео ба роҳбари ДОИШ байъат супурда буданд, "аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом" ном бурда, мегӯяд, ки онҳо ҳамла ба сайёҳонро "дар асоси нақшаи қаблан дар хориҷи кишвар тарҳрезишуда зери пўшиши парчами «Давлати исломӣ» содир намудаанд.”

Дар идомаи изҳорот ҷузъиёти ҳамлаи рӯзи 29 июл ва боздошту кушта шудани гумонбарон дигарбора бозгӯ шуда, прокуратураи генералӣ менависад, "Тафтишот муайян намуд, ки гурўҳи ҷиноятӣ таҳти роҳбарии дастгиршуда Абдусамадов Ҳусайн ин ҷинояти дахшатангезро бо супориши узви фаъоли собиқ ҳизби наҳзати ислом Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович содир кардааст.”

Додситонӣ ҳамчунин тасдиқ кард, ки дар бо иттиҳоми иртибот бо ин гуруҳ боз 10 нафар сокинони шаҳри Норак, аз ҷумла 2 нафар барои мусоидат ба маблағгузории роҳбари ин гурўҳ Абдусамадов Ҳусейн ва 8 нафари дигар барои хабар надодан ба мақомот оид ба омодагӣ ба амали террористӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд.