Сахттар шудани ҷазо барои ҳимоят аз терроризм дар Тоҷикистон
(last modified 2018-08-05T02:54:57+00:00 )
Август 05, 2018 07:54 Asia/Dushanbe
  • Сахттар шудани ҷазо барои ҳимоят аз терроризм дар Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни ташдиди муҷозоти ҳимоят аз терроризм дар интернет дар ин кишварро имзо кард.

Ба гузориши сайти Toptj.com, Эмомалӣ Раҳмон тарҳи ислоҳшудаи чанд қонун, аз ҷумла ташдиди муҷозот барои ҳимоят аз терроризм дар интернетро, ки қаблан дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасвиб шуда буд, имзо кард.

Бар асоси ин қонун, афроде, ки дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз иқдомоти гурӯҳҳои террористӣ ҳимоят мекунанд, ба шиддат муҷозот хоҳанд шуд.

Акнун додгоҳҳои Тоҷикистон метавонанд афроди муттаҳам ба ҳимоят аз фаъолиятҳои террористӣ дар интернетро аз 10 то 15 сол ба зиндон маҳкум кунанд.

Қаблан Бахтовар Сафров намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ҳангоми баррасии ин мавзӯъ дар парлумони ин кишвар гуфта буд, таҳқиқоти ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ нишон медиҳад, ки шабакаҳои иҷтимоии Вайбер, Ватсап, Вичат, Инстаграм, Одноклассники ва даҳҳо канали иртиботии дигар ба маркази таблиғ ва ҳимоят аз фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ табдил шудаанд.

Дар ин қонун ҳамчунин барои тавҳин ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват ба барандозии низоми сиёсӣ ва ҳимоят аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мамнӯъшуда дар Тоҷикистон дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ муҷозотҳое таъйин шудааст.

Тарҳи қонуни ташдиди муҷозоти ҳимоят аз терроризм дар интернет дар Тоҷикистон дар таърихи 13 июни соли ҷорӣ дар парлумони ин кишвар ба тасвиб расида буд, ки чанд рӯз пас аз ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, ки сабаби кушта шудани 4 нафар ва захмӣ шуданӣ 3 тан шуд, аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд.