Август 06, 2018 07:56 Asia/Dushanbe
  • Эъломи натоиҷи озмуни саросарии вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон

Мудири Маркази миллии тестии Тоҷикистон, вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар аз пазириши 45 ҳазор донишҷӯ барои соли таҳсилии ҷадид хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Хуршед Икромӣ гуфт, теъдоди афроде, ки ҳаққи ширкат дар озмуни вуруд ба донишгоҳҳо ва марокизи омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаии Тоҷикистон дар соли ҷориро доштанд, наздик ба 67 ҳазору 844 нафар буд, ки 22 ҳазор довталаб дар ин имтиҳонот ноком шудаанд.

Ин 22 ҳазор нафар бояд барои ҳузур дар озмуни саросарии вуруд ба донишгоҳҳо ва марокизи омузишҳои фаннӣ ва ҳирфаии Тоҷикистон дар соли оянда омода шаванд.

Вай гуфт, 30 дарсад аз суолҳои озмуни имсол мушобеҳи суолҳои озмуни соли қабл буд.

Ба гуфтаи мудири Маркази миллии тестии Тоҷикистон, дар рӯзи 7 –уми августи соли ҷорӣ интихоби риштаи донишҷӯёни пазиришшуда баргузор мешавад.

Довталабоне, ки имтиёзи кофӣ барои интихоби риштаи мавриди назари хешро касб накардаанд, метавонанд бидуни озмун дар марҳалаи дувуми интихоби риштаи таҳсилӣ ширкат кунанд. Аммо ба онон риштаҳое ироа хоҳад шуд, ки зарфияти пазириши онҳо такмил нашудааст.

Дар Тоҷикистон ду навъ имкони таҳсил дар донишгоҳҳо ва марокизи омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаии ин кишвар вуҷуд дорад; нахуст бурсияи давлатӣ (таҳсили буҷавӣ) ва дувум пардохти ҳазинаи омӯзиш аз ҳисоби худи донишҷӯ (таҳсили шартномавӣ) аст.

Ҳамчунин теъдоде аз донишҷӯён аз манотиқи фақирнишин бар асоси бурсияи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни озмун ва бо пешниҳоди идороти маорифи ноҳияҳои ин кишвар ба донишгоҳҳо пазириш мешаванд.