Август 06, 2018 08:41 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду афсари тоҷики гузаргоҳи марзӣ ба иттиҳоми дарёфти ришва

Ду афсари гузаргоҳи марзӣ миёни ноҳияи Конибодом дар вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилояти Фарғонаи Ӯзбакистон, ба иттиҳоми дарёфти ришва аз ду ронандаи мошини боркаши шаҳрванди Русия боздошт шудаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин ду афсар ҳангоме, ки аз ду ронандаи мошини боркаш, ки аз шаҳрвандони Русия ҳастанд, барои убури транзитӣ аз қаламрави Тоҷикистон 10 ҳазор рубли русӣ (муодили 160 доллар) дарёфт мекарданд, боздошт шудаанд.

Ронандагони комюнҳои борӣ пас аз холӣ кардани бор дар вилояти Фарғонаи Ӯзбакистон тасмим гирифтанд, ки аз тариқи қаламрави Тоҷикистон масири бозгашт ба Русияро кӯтоҳтар кунанд, аммо ду афсари тоҷик аз онҳо маблағи 10 ҳазор рубл ришва барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон талаб карданд, ки шаҳрвандони Русия бо дар ҷараён гузоштани мақомоти зирабт аз тариқи дӯстонашон, ришвагирии ин ду афсарро бо далел ошкор кардаанд. Акнун ду афсари тоҷик боздошт ва таҳти бозҷӯӣ қарор доранд.

Сомонаи “Ахбор” таъкид кардааст, ки яке аз афсарони боздоштшуда дар гузаргоҳи марзии миёни ноҳияи Конибодом дар вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилояти Фарғонаи Ӯзбакистон қаблан низ борҳо ба иддаои бародарзодаи генерал Шерхон Салимзода, раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, аз ронандагони мошинҳои боркаш ришва гирифтаанд.

Ин сомона таъкид кардааст, ки дарёфти ришва аз ронандагони комюнҳои борӣ дар Тоҷикистон ба ҳадде густурда шудааст, ки аксари ширкатҳои ҳамлу нақли минтақаӣ ҳангоми интиқоли маҳсулот ба ин кишвар, маблағеро ба унвони саҳми кормандони полис ва афсарони гузаргоҳҳои марзии ин ҷумҳурӣ ихтисос медиҳанд.