Август 06, 2018 10:12 Asia/Dushanbe
  • Шарти имконпазир шудани содироти автобус аз Тоҷикистон

Коршиноси аршади Шӯрои равобити хориҷии Русия эълом кард, ки дар сурати баҳрабардорӣ аз корхонаи муштараки Тоҷикистон бо Туркия барои тавлиди автобусҳои Akia дар поёни имсол, заминаи содироти он фароҳам хоҳад шуд.

Ба гузориши “Спутник”, Никита Мендкович гуфтааст, ҳамзамон бо фаъолияти ин корхона барои таъмини ниёзи физояндаи бахши ҳамлу нақли Тоҷикистон ба автобусҳои мусофирбарӣ, имкони фурӯши ин васоили нақлия ба кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ низ вуҷуд хоҳад дошт.

Вай муътақид аст, ки Тоҷикистон дар сурати пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё метавонад ин автобусҳоро ба дигар кишварҳои узви ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ низ содир кунад.

Ин коршиноси рус мегӯяд, ки Туркия низ талош хоҳад кард бо такмили сохти ин корхона дар Тоҷикистон, заминаи вуруди автобусҳои мусофирбарии хешро ба кишварҳои минтақа фароҳам созад.

Бар асоси барномаи муштараки шаҳрдории Душанбе ва ширкати туркии Akia, тарҳи сохти ин корхона то поёни имсол такмил ва заминаи шуғлии беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.

Ин корхонаи муштарак метавонад 250 то 300 дастгоҳ автобус дар сол тавлид кунад, ки дар масирҳои даруншаҳрӣ ва буруншаҳрӣ истифода хоҳанд шуд.