Август 06, 2018 12:25 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми такрории Додситонии кулли Тоҷикистон ба Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ

Бо вуҷуди ба ӯҳда гирифтани масъулияти террори гардишгарони хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз сӯйи ДИИШ, давлати Душанбе бори дигар ангушти иттиҳомро ба самти Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон нишона рафтааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон бо интишори баёнияе, Ҳизби мамнуаи наҳзати исломиро ба тарҳрезӣ ва анҷоми иқдоми террористӣ алайҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ дар ҷануби ин кишвар муттаҳам кард.

Ин баёния дар ҳоле мунташир шудааст, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи рӯзи 29-уми июли соли ҷории мелодӣ ба гардишгарони хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифтааст.

Иқдоми Додситонии кулли Тоҷикистон таноқузи қобили тааммул дар рафтор ва гуфтори мақомҳои Душанбе қаламдод мешавад. Ин шеваи мавзеъгирии давлати Тоҷикистон шояд нишондиҳандаи он бошад, ки мақомҳои Душанбе ба ҷойи муқобила бо гурӯҳи террористии ДИИШ, ба муқобила бо мухолифони дохилӣ тамаркуз кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз коршиносони масоили Осиёи Марказӣ террори гардишгарони хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистонро нишондиҳандаи наздик будани гурӯҳи террористии ДИИШ ба ҷумҳуриҳои ин минтақа ва мухотироти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар қиболи ин гурӯҳи террористӣ арзёбӣ кардаанд. Ба унвони мисол, Артур Мададбеков, муовини собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, дар пайи шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурияву Ироқ, акнун теъдоде аз нерӯҳои ин гурӯҳи террористӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мустақар шудаанд, ки ин амр таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти минтақа хоҳад буд.

Ин коршиноси умури амниятии Қирғизистон ҳамчунин изҳор доштааст, ки ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон, ҳушдори ҷиддии ҳастаҳои хуфтаи гурӯҳи террористии ДИИШ барои кишварҳои минтақа, ба вижа Тоҷикистон аст.

Нуктаи қобили тааммул дар иртибот бо ин воқеият ин аст, ки тайи моҳҳои ахир мақомҳои Душанбе борҳо ба нуфузи аъзо ва афроди гурӯҳи террористии ДИИШ ба Тоҷикистон эътироф карда ва нигаронии худро дар ин замина иброз доштаанд. Дар воқеъ, аснод ва мадорики мавҷуд ҳамагӣ аз нуфузи гурӯҳҳои террористии вобаста ба бегонагон, ба вижа ДИИШ дар Тоҷикистон ҳикоят дорад. Бо вуҷуди эътирофҳои ахири мақомҳои Душанбе ва воқеиятҳои ҷорӣ, ба назар мерасад, ки мақомҳои Душанбе талош мекунанд бо нодида гирифтани гурӯҳи террористии ДИИШ аҳдофи худро дар ду ҷиҳат пеш бибаранд. Нахуст он ки ба ин васила ба мухолифон ва мунтақидони дохилӣ як зарбаи корӣ ва иттиҳоми террористӣ ворид кунанд. Дувум он ки як идда аз мақомҳои Душанбе бо бардоштани ангушти иттиҳом ба  сӯйи Эрон, зимни хушхидматӣ ба душманони муносиботи рӯ ба рушди Эрон ва Тоҷикистон, дар заминаи тахриби равобити Теҳрон ва Душанбе гомҳои таъсиргузор бархоҳанд дошт. Ба ҳамин далел аст, ки бархе аз ниҳодҳои давлати Тоҷикистон бидуни таҳқиқ ва баррасӣ, билофосила пас аз анҷоми амалиёти террористии рӯзи 29-уми июл дар ҷануби ин кишвар, ибтидо ангушти иттиҳоми худро алайҳи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва сипас Эрон нишона рафтанд.