Пешбинии имзои 23 санад дар сафари Раҳмон ба Узбакистон
Август 06, 2018 15:58 Asia/Dushanbe
Дар сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон дар рӯзҳои 17 ило 18 августи соли ҷорӣ, ду кишвар беш аз 20 санади ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф имзо хоҳанд кард.
Ба нақл аз Форс, Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи дувуми август ба Тошканди Узбакистон сафар мекунад.
Дар ҷараёни ин сафари дурӯзаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон, дутараф 23 санади ҷадиди ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф имзо мекунанд, ки тавофуқнома дар заминаи муборизаи муштарак алайҳи таҷовузи хориҷӣ аз ҷумлаи он хоҳад буд.
Илова бар тавофуқот дар ҳавзаи амният, Душанбе ва Тошканд қасд доранд, асноди муштарак дар заминаи ҳамкорӣ дар арсаи синамо ва ҳавошиносӣ ба имзо расонанд.