Коршинос: Ташдиди муҷозоти ришвахорӣ дар Тоҷикистон натиҷа нахоҳад дод
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37175-Коршинос_Ташдиди_муҷозоти_ришвахорӣ_дар_Тоҷикистон_натиҷа_нахоҳад_дод
Муовини мудири кулли Маркази пажуҳиши масоили фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар Русия муътақид аст, ки шиддат додан ба қонуни муҷозоти ришвахорӣ дар Тоҷикистон натоиҷи матлуб нахоҳад дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 07, 2018 05:01 Asia/Dushanbe
  • Коршинос: Ташдиди муҷозоти ришвахорӣ дар Тоҷикистон натиҷа нахоҳад дод

Муовини мудири кулли Маркази пажуҳиши масоили фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар Русия муътақид аст, ки шиддат додан ба қонуни муҷозоти ришвахорӣ дар Тоҷикистон натоиҷи матлуб нахоҳад дод.

Ба гузориши “Спутник”, Иля Шумонов бо ишора ба ислоҳи қонуни муҷозоти муттаҳамон ба фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон, ки акнун ба зиндон маҳкум хоҳанд шуд, гуфтааст, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мизони фасоди молӣ ва ришвахорӣ боло аст ва аксари шаҳрвандон муддаӣ ҳастанд, ки бидуни пардохти маблағи молӣ намешавад коре анҷом дод. Ӯ афзуд, натоиҷи назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки 50 дарсад аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтаанд, ки як бор дар сол барои анҷоми корҳояшон дар идороти ҳукуматӣ маҷбур шудаанд, ба мақомот ришва пардохт кунанд. Ба гуфтаи Шумонов, таҷрибаи ҷаҳонӣ низ собит кардааст, ки танҳо бо афзоиши муҷозоти мақомоти муттаҳам ба ришвахорӣ наметавон ин падидаи ногувори иҷтимоиро решакан кард.

Мақомоти Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон мизони хисороти ворида ба давлат бар асари ҷурму ҷиноятҳои муртабит бо фасоди молиро дар шаши моҳи нахусти имсол 334 миллиону 700 ҳазор сомонӣ (муодили 35 миллиону 500 ҳазор доллар) эълом кардаанд, ки 51 дарсад аз ин маблағ ба хазина бозгардонда шудааст. Дар ин миён Вазорати тандурустӣ бо 66 маврид, Кумитаи замин бо 64 маврид ва Вазорати маориф ва илм бо 63 мавриди дарёфти ришва, фасодзадатарин ниҳодҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шудаанд.