Таъсири суқути арзиши рубли русӣ ба қурби сомонӣ дар Тоҷикистон
Коршиносони ҷаҳонӣ мегӯянд, тасвиби таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Русия ва коҳиши арзиши рубли русӣ метавонад арзиши пули миллии Тоҷикистонро коҳиш диҳад.
Ба гузориши “Азия плюс”, коршиносони “Citigroup” ва “Bloomberg” муътақиданд, ки таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Русия, ки фаъолияти сармоягузорони хориҷӣ дар ин кишварро маҳдуд мекунад, заминаи суқути арзиши рубли русӣ ба мизони 5 то 15 дарсадро фароҳам хоҳад кард, ки ба арзиши сомонӣ дар Тоҷикистон низ таъсири манфӣ хоҳад расонд. Ба гуфтаи коршиносони ин ду ниҳоди иқтисодӣ, ин таҳримҳо метавонад арзиши як долларро дар баробари рубли русӣ аз 63 рубли феълӣ ба 73 рубл бирасонад, ки заминасози коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон хоҳад шуд.
Саид Назаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, аз соли 2016 бахши умдаи даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ба кишварашон бо рубли русӣ мунтақил мешавад ва ба хонаводаҳои онон бо сомонӣ пардохт мегардад, аз ин рӯ, ҳар қадар арзиши рубли русӣ дар баробари доллар болотар бошад, ба нафъи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ хоҳад буд, ки метавонанд даромади бештаре ба кишварашон мунтақил кунанд. Ба гуфтаи ӯ, камбуди доллар дар Тоҷикистон мӯҷиби коҳиши арзиши сомонӣ хоҳад шуд.
Бар асоси гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаш моҳи нахусти имсол 86 дарсад аз даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон бо рубл мунтақил шудааст. Аз сӯйи дигар Бонки миллии Тоҷикистон дар гузорише аз коҳиши 6.5-дарсадии арзиши сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ дар шашмоҳаи нахусти имсол (2018) хабар дод.