Боздошти як мақоми маҳаллӣ ва пизишки низомӣ ба иттиҳоми ришвахорӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37184-Боздошти_як_мақоми_маҳаллӣ_ва_пизишки_низомӣ_ба_иттиҳоми_ришвахорӣ
Дар идомаи раванди мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон як мақоми маҳаллӣ ва пизишки низомӣ дар ноҳияи Носири Хусрав боздошт шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 07, 2018 08:27 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як мақоми маҳаллӣ ва пизишки низомӣ ба иттиҳоми ришвахорӣ

Дар идомаи раванди мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон як мақоми маҳаллӣ ва пизишки низомӣ дар ноҳияи Носири Хусрав боздошт шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, кормандони Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон Илҳомҷон Раҳмонқулов ва Бахтиёр Султоновро ҳангоми дарёфти 120 ҳазор сомонӣ ришва аз шаҳрванд А боздошт карданд. Гуфта мешавад, Раҳмонқулов, ки корманди ҷамоат дар ноҳияи Носири Хусрав аст, ҳамроҳи шарикҷурми худ дар ивази вогузории 45 метр замини давлатӣ ин мизон ришваро дарёфт кардаанд. Алайҳи Раҳмонқулов ва Султонов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Кумитаи замин аз фасодзадатарин бахшҳои ҷомеаи Тоҷикистон дар соли 2018 эълом шудааст.