Боздошти як мақоми маҳаллӣ ва пизишки низомӣ ба иттиҳоми ришвахорӣ
Август 07, 2018 12:57 Asia/Dushanbe
Дар идомаи раванди мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон як мақоми маҳаллӣ ва пизишки низомӣ дар ноҳияи Носири Хусрав боздошт шуданд.
Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, кормандони Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон Илҳомҷон Раҳмонқулов ва Бахтиёр Султоновро ҳангоми дарёфти 120 ҳазор сомонӣ ришва аз шаҳрванд А боздошт карданд. Гуфта мешавад, Раҳмонқулов, ки корманди ҷамоат дар ноҳияи Носири Хусрав аст, ҳамроҳи шарикҷурми худ дар ивази вогузории 45 метр замини давлатӣ ин мизон ришваро дарёфт кардаанд. Алайҳи Раҳмонқулов ва Султонов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Кумитаи замин аз фасодзадатарин бахшҳои ҷомеаи Тоҷикистон дар соли 2018 эълом шудааст.