Имсол ҳам рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон таътил нест?
Ба назар мерасад, имсол низ ҳамчун соли гузашта рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон таътили расмӣ нахоҳад буд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ҳарчанд рӯзи Иди Қурбон ҳанӯз расман эълом нашудааст, вале ин ид имсол 22-юми август хоҳад буд ва дар бештари идораҳои давлатии Тоҷикистон аз ҳамин ҳоло кормандонро огоҳ кардаанд, ки 22-юми август рӯзи корӣ аст ва бояд он рӯз сари кори худ ҳозир бошанд. Яке аз мухотабони сомонаи “Ахбор” низ рӯзи 6 август бо ирсоли матни эҳзорияи додгоҳаш хабар додааст, ки ӯро рӯзи 22 август барои баррасии як шикоят ба додгоҳ эҳзор кардаанд. Дар матни эҳзорияи додгоҳ навишта шудааст, ки баррасии шикояти ӯ дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 22-юми август, яъне рӯзи Иди Қурбон баргузор мешавад. Устодони донишгоҳҳои Душанбе низ гуфтаанд, ки маъмурони донишгоҳҳо ба онҳо иттилоъ додаанд, ки рӯзи 22-юми август рӯзи корӣ аст ва кормандон бояд он рӯз ба мавқеъ сари кори худ ҳозир шаванд. Бар асоси ин гузориш, ҳеҷ яке аз масъулон ба ин суол, ки чаро рӯзи Иди Қурбон бояд рӯзи корӣ бошад, посух намедиҳанд ва танҳо ишора мекунанд, ки дастур аз тарафи мақомоти болоӣ содир шудааст.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳанӯз рӯзи Иди Қурбонро расман эълом накардааст, вале бинобар муҳосибот, ин ид имсол дар Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе, 22-юми август хоҳад буд.
Бар асоси моддаи сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ҳар сол рӯзе, ки аз тарафи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи ид муқаррар мешавад, бояд ғайрикорӣ эълом гардад.