Август 07, 2018 19:30 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳмон ба раисҷумҳури Индонезия

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли барқияи тасаллият ба Ҷоко Видодо, президенти Индонезия изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Ба нақл аз Форс, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳалокату ҷароҳати теъдоди зиёди шаҳрвандони Индонезия бар асари заминларзаи харобиовар изҳори андуҳ кардааст.

"Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Индонезия сангин ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи ҷароҳатбардоштагон шифои комил хоҳонам", — омадааст дар барқия.

Дар пайи заминларзаи 7 баллӣ, ки шоми 5 август Индонезияро такон дод, 98 нафар ба ҳалокат расида, теъдоди зиёди одамон маҷруҳ шудаанд.