Эҳтимоли мушорикати молии Тошканд дар сохти нерӯгоҳи Роғун
Август 07, 2018 20:40 Asia/Dushanbe
Раиси анҷумани милли сиёсатшиносии Тоҷикистон тавофуқи байни раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистонро дар бораи мушорикати Тошканд дар сохти Роғун баид надонист.
Ба нақл аз Форс, Абдуғанӣ Маҳмадазимов гуфт, мумкин аст Тошканд битавонад 300 то 500 миллион доллар барои сохти Роғун ихтисос диҳад.
Вай афзуд: Мушорикати молии Узбакистон дар сохти ин нерӯгоҳи бузург метавонад равобити пойдори миёни ду кишварро барои даҳҳо сол тазмин кунад ва барои Узбакистон ба зомини дарёфти оби лозим дар фасли кишт табдил шавад.