Муҳоҷирони тоҷикистонӣ - муттаҳамони қатли як тоҷири рус
Се коргари муҳоҷири тоҷик, аз ҷумла як духтари 22 сола ба унвони муттаҳам дар қатли як тоҷири рус шинохта шудаанд.
Ба гузориши дафтари матбуоти Кумитаи бозрасии Русия, ин афрод дар моҳи июни соли 2018 бо омодагии қаблӣ нақшаи қатл ва тасарруфи амволи як тоҷири русро тарроҳӣ карда буданд.
Бар асоси гузориши мақомоти интизомии Русия, муттаҳамон пас аз қатли сармоядори рус, ҷасади вайро дар ҷуқурие дар ҷангали Истринский, дар атрофи Маскав, пойтахти Русия раҳо карданд.
Гуфта мешавад, қотилон 65 ҳазор рубли русиро аз мақтул дуздидаанд.
Ҳанӯз мақомоти расмии Тоҷикистон, аз ҷумла сафорати ин кишвар дар Русия ба ин хабар вокунише нишон надодаанд.
Ҳамасола теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ба иттиҳомоти мухталиф ва умдатан нақзи қонунҳои муҳоҷиратӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, мушорикат дар қатл ва дуздӣ боздошт ва зиндонӣ мешаванд.
Дар айни ҳол мудофеони ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, дар бархе аз ин парвандаҳо боздоштшудагон ба ноҳақ муҷрим шинохта ва маҳкум ба зиндон мешаванд. Ҳолатҳои баръакс низ зиёд ба мушоҳида мерасад, ки умдатан коргарони муҳоҷир озору азият мешаванд, аз ҷумла кудакони ноболиғ аз ҷониби нажодпарастони рус ба қатл мерасанд.