Август 09, 2018 09:54 Asia/Dushanbe
  • Ширкати олмонию австриягӣ, маъмури бозсозии таҷҳизоти “Норак”

Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” эълом кард, дар муноқисаи байналмилалии бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии “Норак” дар ин кишвар ширкати олмонию австриягии “Andritz" баранда шудааст.

Ба гузориши сомонаи ширкати давлатии “Барқи тоҷик”, ширкати олмонию австриягии “Andritz" мутааҳҳид шудааст, ки 9 турбина ва таҷҳизоти асосии нерӯгоҳи барқи обии “Норак”-ро тайи 10 сол иваз кунад. Ин иқдом афзоиши 12-дарсадии зарфияти тавлиди барқро дар ин неругоҳ имконпазир мекунад.

Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” бо нуҳ турбина ва зарфияти тавлиди 13 миллиард киловатт/соат барқ дар сол 46 сол қабл фаъол шудааст ва акнун ниёз ба бозсозӣ ва иваз кардани турбина ва таҷҳизоти асосӣ дорад. Мақомоти давлати Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд, барои бозсозӣ ва навсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии “Норак” ба беш аз 600 миллион доллар ниёз доранд.

Ба вуҷуд омадани осеб дар нерӯгоҳи барқи обии “Норак” дар октябри соли 2016, ки мӯҷиби қатъи барқи саросарӣ дар Тоҷикистон ва зиёнҳои фаровони молӣ ба Корхонаи арзизи ин кишвар ворид кард, мақомоти давлатиро бар он доштааст, то бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳро тасреъ бахшанд. Маблағи созишномаи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии “Норак” аз сӯйи ширкати олмонию австриягии “Andritz" 120 миллион евро эълом шудааст. Ба иллати саҳми 70-дарсадии нерӯгоҳи “Норак” дар таъмини барқи масрафии Тоҷикистон то кунун кишварҳо ва муассисоти молии байналмилалии мутааддиде, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Рушди Осиё барои ироаи кумаки молӣ ба бозсозии он эъломи омодагӣ кардаанд.