Август 09, 2018 12:25 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои вижаи Вазорати дифои Тоҷикистон озими Амрико шуданд

Нерӯҳои вижаи Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Вазорати дифои Тоҷикистон ба манзури ширкат дар размоиши сулҳомези «Уқоби даштӣ-2018» озими Амрико шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт, дар ҷараёни ин размоиш низомиёни тоҷик таҷрибаи баргузории амалиёт дар кишварҳои дигарро меомӯзанд. Фаридун Муҳаммадализода афзуд, тамринот дар майдони низомии Мак Креди иёлати Королинои Амрико баргузор мешавад ва раёсати нерӯҳои вижаи Вазорати дифои Тоҷикистонро сарҳанг Саидаҳтам Одиназода бар уҳда хоҳад дошт.

Ҳадафи аслии ин размоиш омӯзиши вазоифи ҳофизи сулҳ дар ҷараёни амалиёт барои ҳифзи сулҳ тибқи стандартҳои Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Дар чорчӯби ин тамринот низомиёни Англия, Қазоқистон, Амрико, Тоҷикистон ва Узбакистон ба таври муштарак масоили марбут ба созмондиҳӣ, таомули эътилофҳои байналмилалӣ ва ғайраро меомӯзанд.

Размоиши низомии «Уқоби даштӣ» аз соли 2003 ҳамасола баргузор мешавад.