Ҳалли мушкили сайёҳи амрикоӣ ба дасти полиси сайёҳӣ+видео
Шуъбаи тозатаъсиси полиси сайёҳӣ дар маркази Душанбе мушкили як сайёҳи амрикоиро ҳал кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод рӯзи гузашта 8 август полиси сайёҳӣ дар маркази Душанбе ба Матю Пушел сайёҳи амрикоӣ ва ҳамсару фарзандаш кумак расонд.
Ин хонавода асноди худро дар таксӣ фаромуш карда буданд ва дар ҳоле, ки парешон ва саргардон буданд аз полиси сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дархости кумак карданд.
Дар идома полиси сайёҳӣ ба василаи дурбинҳо, рақамҳои таксиро маълум ва пас аз 25 дақиқа ҳуҷҷатҳои сайёҳонро пайдо кард ва ба онҳо таҳвил дод.
Матю Пушел дар як мусоҳиба изҳор дошт ин хатои худам буд, ки ҳамён ва ҳуҷҷатҳоямро дар таксӣ фаромуш карда ва аслан боварӣ надоштам, ки дигар онҳоро пайдо кунам.
Вай гуфт бо кумаки кормандони полиси сайёҳӣ ҳуҷҷатҳоямро дар замони кутоҳи 20 дақиқа пайдо кардам ва замоне, ки онҳоро ба ман баргардонданд аз хушҳолӣ ашк мерехтам.
Ӯ, ки ба ҳамроҳи хонаводааш бояд ба Амрико бармегашт ва барои сафар ниёз ба чипта дошт аз пайдо шудани аснодаш бисёр хушҳол шуд.
Матю Пушел, ки барои бори дуввум ба Тоҷикистон сафар кардааст, мегуяд: Ман ба шаҳрҳои Исфара, Бохтар, Хуҷанд ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон сафар карда ва аз меҳмоннавозии онҳо, обу ҳаво ва табиати Тоҷикистон лаззат бурдаам.
Вай хотирнишон кардааст мардуми тоҷик бисёр бофарҳанг ва меҳмоннавоз ҳастанд ва инҳоро ҳатман ба дустонам хоҳам гуфт.
Ӯ мегуяд ман аз таъсиси шуъбаи полиси сайёҳӣ дар Тоҷикистон бисёр хушҳолам ва дар таҷрибаҳои худ дидам, ки онҳо фавран ба кумаки шаҳрвандони хориҷӣ меоянд ва мушкилоти онҳоро ҳал менамоянд.
Ин сайёҳ аз раиси ҷумҳур ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои таъсиси ин шуъба ташаккур кард.
Шуъбаи полиси сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чанде пеш ба дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи кумак ва роҳнамоӣ ба сайёҳони хориҷӣ таъсис ёфт.