Август 10, 2018 19:40 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Ҳинд ба Тоҷикистон сафар мекунад

Раисиҷумҳури Ҳиндустон авохири моҳи августи соли ҷорӣ ба пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.

Рам Натх Ковинд, раисиҷумҳури Ҳиндустон авохири моҳи августи соли ҷорӣ ба пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.

Утоқи бозаргонии Тоҷикистон ин мавзӯро дар маросими ифтитоҳияи намоишгоҳи колоҳои ҳиндӣ, ки ба муносибати сафари ояндаи раисиҷумҳури Ҳинд ба ин кишвар дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор намуд, эълом кард.

Ин намоишгоҳ бо ҳамкории Утоқи бозаргонии Тоҷикистон ва ширкати «PSP Traders & Services pvt.ltd» роҳандозӣ шудааст.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳи колоҳои ҳиндӣ дар Тоҷикистон тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни Душанбе ва Деҳлӣ, унвон шудааст.

Намоишгоҳи мазкур дар шаҳри Душанбе то 19 август идома ва сипас тоҷирони ҳиндӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва Бохтар маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд.

Дар Хуҷанд намоишгоҳи маҳсулоти ҳиндӣ аз 24 август то 9 сентябр, дар Панҷакент аз 23 август то 30 сентябр ва дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  аз 23 август то 20 сентябр идома хоҳад ёфт.