Август 11, 2018 09:35 Asia/Dushanbe
  • Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти пайгарди Интерпол

Раиси Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дод, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба иттиҳоми дарёфти ришвае калон таҳти пайгарди Полиси Байналмилал (Интерпол) қарор гирифтааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, Карим Иброҳимзода гуфтааст, Абдусамад Маннонзода муттаҳам аст, ки дар соли 2014 аз мудири як ширкати пажӯҳишии кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 40 ҳазор доллар ришва ба баҳонаи вогузории замин ба ин ширкат дарёфт кардааст.

Аммо дар торихи аввали моҳи марти соли 2017 мудири ин ширкати кишоварзӣ ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ ва пардохти ришва боздошт шуд, ки аз он замон раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам ба унвони дарёфткунандаи ришва нопадид шудааст.

Талоши мақомоти интизомии Тоҷикистон барои пайдо кардану боздошти Абдусамад Маннонзода то кунун ба ҷое нарасидаву акнун вай таҳти пайгарди қазоии байналмилалӣ қарор гирифтааст.