Боздошти 2 нафар ба иттиҳоми ришва барои вуруд ба донишгоҳ
(last modified Sun, 12 Aug 2018 04:02:24 GMT )
Август 12, 2018 09:02 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 2 нафар ба иттиҳоми ришва барои вуруд ба донишгоҳ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми талош барои дарёфти маблағи 9 ҳазор доллар аз як довталаби вуруд ба факултаи тиббии Донишгоҳи миллии ин кишвар, боздошт кардаанд.

Ба гузориши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон, ин ду нафар ба номҳои Халилов Муҳаммад Эмомалиевич ва Қурбонов Хуршед Мирзоевич бо ваъдаи кумак ба як довталаби вуруд ба факултаи тиббии Донишгоҳи миллии ин кишвар дар марҳалаи нахуст аз вай маблағи 9 ҳазор сомонӣ дарёфт кардаанд.

Онон аз ин довталаб хостаанд, ки дар дидори баъдӣ қабл аз оғози озмуни вурудӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон бояд барои пардохти бақия (72 ҳазор сомонӣ) бо тазмини донишҷӯ шуданаш иқдом намояд. Аммо ҳангоми дарёфти ин маблағ аз сӯи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки алайҳи онон ба иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ ташкил шудааст.

Дар Тоҷикистон озмуни вуруд ба донишгоҳҳо, омӯзишгоҳҳо ва марокизи фаннӣ-ҳирфаии ин кишвар аз сӯи Маркази ягонаи миллии имтиҳонот ба шакли тестӣ баргузор мегардад.

Бо ин вуҷуд афроди судҷӯ ва қаллоб низ ҳастанд, ки мехоҳанд аз ин фурсат истифода кунанд.