Июл 20, 2016 10:20 Asia/Dushanbe
  • Нерӯгоҳи Роғун саҳми оби Узбакистонро аз Вахш коҳиш намедиҳад

Дабири Кумитаи тоҷикистонии Комиссияи байналмилалии садҳои бузург барои нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ бар ин бовар аст, ки бар хилофи иддаои мақомоти Узбакистон, такмили нерӯгоҳи Роғун ҳеч рабте ба бурузи буҳрони об дар Осиёи Марказӣ надорад ва бардошти оби Тоҷикистонро аз рудхонаи Вахш афзоиш намедиҳад.

Ба иттилои сайти Фарғона, Ҳомидҷон Орифов бо ишора ба тааҳҳуди ширкати италияии Impregilo S.p.A Salini мабнӣ бар баҳрабардорӣ аз ду турбинаи нахусти нерӯгоҳи барқӣ- обии Роғун то соли 2018 гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳатто бо обгирии садди 335 метрии ин нерӯгоҳ ниёзе ба бардошти оби изофӣ аз рудхонаи Вахш надорад.

Орифов афзуд: Аз ин рӯ нигаронии Узбакистон аз эҳтимоли бурузи буҳрони об дар Осиёи Марказӣ комилан беасос аст.

Ин коршиноси тоҷикистонӣ гуфт: Обгирии ин сад ҳамчунин заминаи таъмини оби бештар барои фаъолияти нерӯгоҳҳои барқӣ-обии Тоҷикистон дар пойоби рудхонаи Вахш монанди "Норак", Сагнтӯда 1 ва 2", "Байпазин" ва "Сарбанд"- ро дар фасли сармо фароҳам мекунад.

Орифов гуфт: Акнун бадалели набуди садди бузург барои захирасозии об дар фасли тобистон, оби пушти садди ин 5 нерӯгоҳ дар фасли тобистон ҳадар меравад ва дар зимистон Тоҷикистон бо камбуди 3 миллиард киловатт соат барқ мувоҷеҳ мешавад.

Вай таъкид кард: Бидуни сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун Тоҷикистон наметавонад заминаи рушди бахши санъати худро фароҳам созад ва баунвони кишвари тавлидкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ боқӣ хоҳад монд.

Ширкати италияии Impregilo S.p.A Salini барандаи муноқисаи байналмилалии сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун мутааҳҳид шудааст, то соли 2018 ду турбинаи нахусти ин нерӯгоҳро бо тавони тавлиди беш аз 4 миллиард киловатт соат барқ дар сол ба баҳрабардорӣ бирасонад .

Барчасп