Афзоиши нархи либоси донишомӯзон дар Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки камтар аз 18 рӯз то оғози соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон боқи намонда, афзоиши нархи либоси донишомӯзон мӯҷиби нигаронии волидайн дар ин кишвар шудааст.
Ба гузориши Топ Тҷ, волидайни донишомӯзони тоҷик мегӯянд, қимати либоси донишомӯзон дар остонаи фарорасии соли таҳсилии ҷадид дар ин кишвар, дар муқоиса бо соли қабл ду баробар шудааст.
Аксари фурӯшандагони либоси мактабӣ муддаианд, ки афзоиши қимати либоси донишомӯзон марбут ба навасоноти арзӣ дар ин кишвар аст, ки мӯҷиби коҳиши арзиши сомонӣ дар баробар доллар шудааст.
Коршиносон мегӯянд, дар ҳар хонаводаи тоҷик 2 то 4 нафар донишомӯз вуҷуд дорад, ки барои таҳияи либос ҳар як аз онон, волидайн бояд байни 700 то 2 ҳазор сомонӣ ҳазина кунанд.
Дар бархе аз хонаводаҳо, имсол донишомӯзон маҷбӯр шуданд, ки дар аёми таътилоти тобистон ба унвони шогирд дар марокизи тиҷорӣ фаъолият кунанд, то битавонанд маблағеро барои хариди либоси мактабӣ ба даст оваранд.
Албатта шаҳрдори Душанбе дар чанд нуқта намоишгоҳи фурӯши либоси мактабиро ифтитоҳ кардааст, ки либосҳои донишомӯзон ба нархи 15 дарсад арзонтар аз соири марокизи тиҷорӣ, арза мешавад.
Дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазору 800 мактаб фаъолият мекунад ва теъдоди донишомӯзони ин мактабҳо беш аз 1 миллион нафар аст.
Соли таҳсилии ҷадиди мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯзи аввали моҳи сентябр оғоз мешавад.