Август 13, 2018 09:21 Asia/Dushanbe
  • Шарҳи барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон

Нашрияи ҳукумат ва Маҷлиси намояндагони Узбакистон бо ташреҳи барномаи нахустин дидори расмии раисиҷумҳурии Тоҷикистон аз Узбакистон дар 17 соли ахир, аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд тайи рӯзҳои 17 ва 18 августи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сойти рӯзномаи “Садои Мардум” чопи Тошканд, дар нахустин рӯзи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, сарони ду кишвар созишномаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни Душанбе, Тошканд ва тавофуқ дар бораи аломатгузории марзҳои муштаракро имзо хоҳанд кард.

Дар шаби ҳамон рӯз (17 август) ҳам бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Тошканд, барномаи муштараки ҳунармандони ду кишвар баргузор мешавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 18 сентябр ба Самарқанд меравад ва аз маконҳои таърихии ин шаҳр боздид хоҳад кард.

Матбуот ва хабаргузориҳои давлатии Узбакистон таъкид мекунанд, ин нахустин сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон, тайи 17 соли ахир хоҳад буд ва интизор меравад ба нуқтаи атфе дар равобити Душанбе ва Тошканд табдил шавад.

Коршиносон мӯътақиданд, дар дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд, имзои 20 созишномаи ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои мухталиф маддиназар аст, ки муҳиммтарин ин аснод, созишномаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни Душанбе ва Тошканд ва тавофуқ дар мавриди аломатгузории марзҳои муштарак хоҳад буд.

Тайи ду моҳи ахир, ҳайатҳои зиёде аз вазоратҳо ва созмонҳои давлатӣ, намояндагони маҳофили фарҳангӣ, ҳунарӣ ва рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Узбакистон бо сафар ба кишварҳои якдигар ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ, азми ҷиддии худро барои густариши равобит миёни Душанбе ва Тошканд нишон доданд.

Пас аз марги Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Узбакистон дар моҳи сентябри соли 2016, муносиботи ин кишвар бо Тоҷикистон раванди пуршитоб ва рӯ ба густариширо ба худ гирифтааст.