Август 13, 2018 10:27 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 149 ҳазор тон арзиз дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз тавлиди 149 ҳазор тон маҳсул дар соли ҷорӣ дар Корхонаи алюминии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода гуфтааст, дар ҳоли ҳозир бозсозии таҷҳизоти ин корхона, идома дорад ва интизор меравад, ки тавлиди солонаи алюминий(арзиз) ба 149 ҳазор тон расонда шавад.

Вай гуфтааст, насби таҷҳизоти ҷадид имкон медиҳад, масрафи барқ дар ин корхона ба як сеюм коҳиш ёбад.

Қаблан мудирияти ин корхона эълом карда буд, бар асоси барномаи навсозии таҷҳизотӣ дар соли 2018, тавлиди 168 ҳазор тон, дар соли 2019 тавлид 188 ҳазор тон ва дар соли 2020 тавлиди 300 ҳазор тон аз ин маҳсул, маддиназар аст.

Аммо оморҳои ҷадид нишон медиҳад, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ тавлид арзиз дар ин корхона дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, се ҳазор тон коҳиш ёфтааст.

Ин корхона аз зарфияти тавлиди 500 ҳазор тон маҳсулот дар сол бархӯрдор аст, ки дар солҳои ахир ба далоили мухталиф танҳо қодир ба тавлиди беш аз 100 ҳазор тон арзиз будааст.