Август 14, 2018 09:33 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тарҳҳои ироашуда барои бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи “Қайроққум”

Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо тарҳҳои ҳафт ширкат барои навсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии "Қайроққум"-и вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, баррасии тарҳҳо барои ин сурат мегирад, то бар асоси муноқиса ширкати баранда муаррифӣ шавад. Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо ба манзури навсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” 126 миллион доллар ихтисос додааст, ки заминаи афзоиши тавлиди барқи он аз 126 мегаватти феълӣ ба 174 мегаватт пас аз поёни таъвизи трубинаҳои ин нерӯгоҳро фароҳам месозад.

Нерӯгоҳи “Қайроққум” дар соли 1957 бар рӯйи рӯдхонаи Сир сохта шуд ва аз зарфияти тавлиди 126 мегаватт барқ дар сол бархурдор аст, вале акнун бо гузашти 61 сол аз замони баҳрабардорӣ аз он ниёз ба бозсозии таҷҳизот дорад. Барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳ бахше аз ниёзи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ва атрофи онро таъмин мекунад. Садди нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” низ барои захирасозии оби мавриди ниёзи бахши кишоварзии Узбакистон ва Қазоқистон мавриди истифода қарор мегирад.