Август 14, 2018 11:30 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳмон ба Путин дар пайи кушта шудани кӯҳнавардони рус

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҷон бохтани се кӯҳнаварди русро дар садамаи болгард дар Лахш ба раисҷумҳури Русия таслият гуфт.

Ба гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми таслият ба Владимир Путин навишт, аз хабари ҷон бохтани кӯҳнавардони рус бар асари фуруди изтирории болгард дар минтақаи кӯҳистонии Лахш андуҳгин шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми таслияти худ таъкид кардааст, ки комиссияи ҳукуматӣ, аз ҷумла раисони вазорат ва идораҳои марбутаи Тоҷикистон барои мушаххас кардани иллати ҳодисаи пешомада, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ҳама тадбирҳои лозим ва заруриро меандешанд. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми тасалияти худ аз Владимир Путин хоҳиш кардааст, ки таслияти амиқи раисҷумҳури Тоҷикистонро ба бастагони қурбониёни ҳодиса бирасонад.

Дар ҳодисаи фуруди изтирории чархболи ҳомили кӯҳнавардони хориҷӣ дар кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон дар минтақаи Лахш се кӯҳнаварди рус ва ду халабони тоҷик ҷони худро аз даст доданд.