Тасаллути марзбонони тоҷик бар вазъияти марзи муштарак бо Афғонистон
(last modified Wed, 15 Aug 2018 08:18:52 GMT )
Август 15, 2018 13:18 Asia/Dushanbe
  • Тасаллути марзбонони тоҷик бар вазъияти марзи муштарак бо Афғонистон

Марзбонони тоҷик бо диққат таҳаввулоти марзии ин кишвар бо Афғонистонро таҳти назар доранд ва бар авзои ин минтақа мусаллат ҳастанд.

Дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба хабаргузории “Авесто” эълом кардааст, авзоъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамакнун ором аст.

Марзбонони Тоҷикистон гуфтаанд, пешравии Толибон ба сӯйи марзҳои Афғонистон ва Тоҷикистонро ба таври доим расад мекунанд, вале ҳанӯз мавриде аз талош барои нақзи хати марзи муштарак аз сӯйи фард ё гурӯҳе мушоҳида накардаанд.

Дар ҳамин иртибот мақомоти марзбонии Тоҷикистон эълом кардаанд, ниёзе ба фиристодани нерӯҳои кумакӣ ба хутути марзи муштарак бо Афғонистон нест.

Пеш аз ин мақомоти аршади Тоҷикистон ва ба вижа Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар аз таҷаммӯи гурӯҳҳои террористии байналмилалие аз қабили гурӯҳи террористии ДИИШ дар наздикии марзҳои Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буданд.

Маҳофили хабарӣ - сиёсии Афғонистон ва Русия, Амрико ва Ғарбро дар созмондеҳии интиқоли ДИИШ ба шимоли Афғонистон пас аз шикаст дар Сурия ва Ироқ муқассир медонанд.