Эҳтимоли 50 баробар шудани қиммати ҳар симкорт дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37396-Эҳтимоли_50_баробар_шудани_қиммати_ҳар_симкорт_дар_Тоҷикистон
Ширкатҳои мобилӣ тасдиқ карданд, ки интизор меравад, нархи симкорт дар кишвар ба 250 сомонӣ баробар шавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 16, 2018 04:47 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли 50 баробар шудани қиммати ҳар симкорт дар Тоҷикистон

Ширкатҳои мобилӣ тасдиқ карданд, ки интизор меравад, нархи симкорт дар кишвар ба 250 сомонӣ баробар шавад.

Ба иттилои Фарғон, ширкатҳои мобилӣ сарусадо дар бораи то ба 250 сомонӣ расидани нархи як симкорт дар кишварро тасдиқ карданд.

Масъулини ширкатҳои мобилӣ зимни як мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо тасдиқи тасмим барои 250 сомонӣ муқаррар кардани нархи симкортҳои нав, изҳор доштаанд, ки ҳар суол дар ин бора ба Хадамоти алоқа ироа шавад.

Намояндагони ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, тасмим ва лоиҳаи боло бурдани нархи симкортҳои нав иқдоми онҳо набуда, ба мақомоти давлатии Тоҷикистон рабт дорад.

Интизор меравад, ки тасмими мазкур ояндаи наздик амалӣ гардад ва яке аз сабабҳояш ҷилавгирӣ аз зуд-зуд иваз кардани симкортҳо арзёбӣ мешавад.