Август 16, 2018 13:34 Asia/Dushanbe
  • Таҳлили Бонки осиёии рушд аз чолишҳои иқтисодии Тоҷикистон

Бонки осиёии рушд эълом кард, агарчи иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои ахир рушд доштааст, аммо бо чолишҳое дар заминаи сармоягузорӣ ва рифоҳи умумӣ рӯ ба рӯ аст.

Ба нақл аз Авесто, Венкай Жанг, муовини Бонки осиёии рушд гуфт, тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар 2017, 7.1 дарсадро ташкил додааст, аммо чолишҳое ҳам дар иқтисоди Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки токунун ҳал нашудаанд ва мушкилот дар бахши бонкӣ, сатҳи поини сармоягузории хусусӣ ва мизони болои фақр дар зумраи онҳост.

Вай афзуд: Дар се соли оянда Бонки осиёии рушд 300 миллион доллар барои иҷрои лоиҳаҳо кумак мекунад, ки такмили фазои сармоягузориро низ шомил мешаванд.

Тибқи омори Кумитаи сармоягузорӣ, дар шаш моҳи аввали 2018, сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди милли Тоҷикистон 3.3 миллиард сомонӣ (муодили 350.3 млн доллар)ро ташкил додааст.  

Аммо мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон эълом карданд, “Агроинвестбонк”-и Тоҷикистон тааҳҳудоти худро дар заминаи бозгардондани маболиғи сипурдагузарон дар 2017 ва шаш моҳи аввали 2018 иҷро накардааст.