Август 16, 2018 18:16 Asia/Dushanbe
  • Об, Афғонистон ва иқтисод, меҳварҳои музокироти ояндаи Эмомалӣ Раҳмон бо Мирзиёев

Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъа пас аз 20 сол дар як сафари ду рӯза озими Узбакистон мешавад, то масоили муҳимме аз ҷумла об, таҳаввулоти Афғонистон ва ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон дар қолаби як сафари расмӣ 17-18 август аз Тошканд, пойтахти Узбакистон боздид мекунад.

Тибқи гузориши дафтари раёсатҷумҳурии Узбакистон, дар барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, илова бар мулоқот бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳур ҳамчунин музокироте бо Нуруддин Исмоилов, раиси Маҷлиси сенат, Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири Узбакистон ва ҳамчунин боздид аз Самарқанд ва маҳалли намоишгоҳҳои ин кишвар, зикр шудааст.

Владимир Евсеев, раиси Институти кишварҳои ИДМ мӯътақид аст, дар ин дидор масоили марбут ба об, ки муҳиммтарин мавзӯъ дар равобити ду кишвар ба шумор мерӯавад ва қабл аз ҳама бо такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун муртабит аст, маврид баррасӣ қарор мегирад.

Бино ба гуфтаи ин коршинос, масоили марбут ба густариши тиҷорати марзӣ миёни ду кишвар, равобит байни ақаллиятҳои миллии тоҷик ва узбак, проектҳои чинӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳалу фасли буҳрони Афғонистон аз мавзӯоте аст, ки Эмолалӣ Раҳмон ва Мирзиёев дар бораи он, баҳсу табодули назар мекунанд.

Қабл аз оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон, ҳайате муташаккил аз тоҷирони тоҷик барои ширкат дар нишасти Шӯрои ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, озими Тошканд шуданд.

Бино ба гузоришоти тарафи тоҷикӣ, интизор меравад дар ҷараёни ин нишаст тавофуқоте миёни ду кишвар ба ҳаҷми 200 миллион доллар ба имзо расад. Муносиботи Душанбе ва Тошканд пас аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев беҳтар шуд.