Август 16, 2018 18:53 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон моил ба рафъи буҳрон ва мушорикат дар мавзӯоти Афғонистон

Ҳалли буҳрони Афғонистон яке аз мавзӯоти муҳимме аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сафар ба Узбакистон бо ҳамтои узбаки худ дар бора он, баҳсу табодули назар хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, раиси Бошгоҳи таҳлилии Евразия ва коршиноси Шӯрои байналмилалии Русия аз эҳтимоли тамоюли Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Узбакистон барои мушорикат дар масоили Афғонистон бавижа дар арсаҳои иқтисодӣ, хабар додааст.

Никита Мендкович гуфтааст, илова бар ин, афзоиши мухолифони мусаллаҳ аз ҷумла дар манотиқи шимолии ҳамҷавор бо Тоҷикистон, аз ҷанбаҳое аст, ки таваҷҷуҳи хоссро ба ин кишвар ҷалб мекунад.

Ӯ тасреҳ кардааст, дар ҳоли ҳозир дар шимоли Афғонистон умдатан шибҳи низомиёни Толибон қарор доранд, ки кишварҳои Паймони Амнияти Дасҷамъӣ ва Узбакистон бо раёсати ин ҷунбиш, иртиботҳои ғайрирасмӣ доранд.

Ин коршинос гуфтааст, ҳамкорӣ бо Узбакистонро метавон ба унвони ҷустуҷӯ ва қолабе барои барқарории иртиботи ғайрирасмӣ бо гурӯҳҳои Толибони мустақар дар манотиқи ҳамҷавор бо Тоҷикистон ба манзури таъмини амнияти дар ин кишвар, дар назар гирифт.

Мендкович ёдовар шудааст, мақомоти Узбакистон тавонистанд натанҳо ба як восита дар ҳалли буҳрон Афғонистон табдил шаванд, балкӣ майдони мусоид ва бетараферо барои музокироти тарафҳои алоқаманд, эҷод кунанд.