Нахустин размоиши марзбонони тоҷик ва узбак
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37416-Нахустин_размоиши_марзбонони_тоҷик_ва_узбак
Барои нахустин бор марзбонони тоҷик ва узбак, размоиши муштарак баргузор карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 17, 2018 11:59 Asia/Dushanbe
  • Нахустин размоиши марзбонони тоҷик ва узбак

Барои нахустин бор марзбонони тоҷик ва узбак, размоиши муштарак баргузор карданд.

Ба гузориши сомонаи ТоҷикТА, ин размоиш бо номи “Ҷайҳун-2018” дар мавзеи пайвасти сарҳадҳои Тоҷикистон ва Узбакистон бо Афғонистон дар қаламрави ноҳияи Шаҳритус дар ҷануби Тоҷикистон баргузор шуд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ҳадаф аз размоиш “Ҷайҳун-2018” таҳкими хатти марз бо Афғонистон ба далел ташаннуҷ авзои амниятии ин кишвар ва низ ҷилавгирӣ аз тааррузоти хориҷӣ ба кишварҳои Тоҷикистон ва Узбакистон аст.

Ҳамзамон бо ин размоиш, фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Узбакистон низ дар шаҳри Душанбе, музокироте пушти дарҳои баста баргузор карданд.

Дар поёни ин нишаст, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Руслан Мирзоеав тавофуқномаи ҳамкориҳои ниҳодҳои таҳти амри худро имзо карданд.

Гуфта мешавад, яке аз бандҳои аслии ин тавофуқнома, марбут ба барчидани минаҳои коргузоштаи Узбакистон дар марзи ду кишвар аст.

Ин минаҳо бо мусоидати Амрико дар даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов дар Узбакистон коргузошта шуданд, ки токунун садҳо нафар аз шаҳрвандони ду кишварро қурбонӣ кардааст.

Тоҷикистон ва Узбакистон якҳзору 284 километр марзи муштарак доранд.