Даъвати 20 коргари муҳоҷир барои тавзеҳ дар бораи ҳамлаи террористӣ
Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз 20 коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия дархост кардаанд, бо бозгашт ба кишвари худ, дар бораи иртибот бо афроди гумонбар дар ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара тавзеҳ диҳанд.
Ба гузориши “СА Нюс”, ба гуфтаи мақомот, бо ин афрод дар Русия тамоси телефонӣ гирифта шуда ва аз онон хостаанд, сирфан барои равшан шудани бархе аз ибҳомот дар он ҳодисаи террористӣ ба Тоҷикистон бозгарданд ва алайҳи онон ҳеҷ иттиҳоме матраҳ нест.
Аз сӯйи дигар, мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти панҷ нафар аз сокинони шаҳри Норак ба иттиҳоми иртибот бо ҳамлаи террористӣ хабар додаанд. Зимни он ки қаблан низ 10 нафар дар ин иртибот боздошт шуда буданд.
Дар ҳамлаи рӯзи 29 – уми июл дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара, дар вилояти Хатлон як мошин ҳафт дучархасавори хориҷиро пахш кард ва сарнишинон бо ҳадафи қатли туристҳои хориҷӣ бо корд ва табар ба онон ҳамла карданд ва сипас аз маҳал гурехтанд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса чаҳор гардишгари хориҷӣ, аз ҷумла ду шаҳрванди Амрико, як шаҳрванди Швейтсария ва як шаҳрванди Нидерландия кушта шуданд ва ду шаҳрванди Швейтсария низ осеб диданд.
Бо вуҷуди ин ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт, Вазорати умури дохила ва Додситонии кулли Тоҷикистон Ҳизби мамнуаи наҳзати исломиро муттаҳам карданд, вале ин ҳизб иттиҳомоти эъломшударо рад кард.