Дидори Раҳмон аз Ӯзбакистон – оғози фасли наве аз равобити Душанбе ва Тошканд
(last modified Sat, 18 Aug 2018 05:57:33 GMT )
Август 18, 2018 10:57 Asia/Dushanbe
  • Дидори Раҳмон аз Ӯзбакистон – оғози фасли наве аз равобити Душанбе ва Тошканд

Устоди Донишгоҳи давлатии дӯстии мардумони Русия гуфтааст, дидори раисҷумҳурии Тоҷикистон аз Ӯзбакистон нуқтаи қобили таваҷҷуҳе дар равобити Душанбе ва Тошканд аст.

Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, Инна Андронова гуфтааст, имзои тавофуқномаи ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар ва созишномаи аломатгузории манотиқи мавриди ихтилоф дар поёни дидори раисони ду кишвар, оғози фасли ҷадиде аз равобит хоҳад буд.

Вай дар идома ба суханони раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, ки муътақид аст, ду кишвар зарфияти инро доранд, ки муомилоти тиҷории дуҷонибаро ба як миллиард доллар бирасонанд, ишора кард.

Устоди Донишгоҳи давлатии дӯстии мардумони Русия дар ин бора гуфт, аз замони нахустин сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон, муомилоти тиҷории ду кишвар ба беш аз 161 миллион доллар расида, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли 2017 – и мелодӣ 2.3 баробар бештар аст.

Ҳамчунин фароҳам шудани заминаи сафари бидуни раводиди шаҳрвандони ду кишвар ба Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба муддати 30 рӯз, боиси равнақи бахши гардишгарӣ низ шудааст.

Яке аз натоиҷи муҳими музокироти сарони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, тавоқуф бар сари аломатгузории марзи муштарак буд, ки то замони ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев маншаи ихтилофи шадиди Душанбе ва Тошканд маҳсуб мешуд.