Август 18, 2018 12:06 Asia/Dushanbe
  • Баррасии масоили дуҷониба дар дидори Раҳмон бо раиси Маҷлиси намояндагони Ӯзбакистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бо даъвати ҳамтои ӯзбакистонии худ ба ин кишвар сафар кардааст, имрӯз бо раиси Маҷлиси намояндагони Ӯзбакистон дидор кард ва масоили мавриди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Нуриддин Исмоилов изҳори умедворӣ кард, натоиҷи ин сафар ва мулоқоту музокирот дар сатҳҳои олӣ боиси рушди ҳамкориҳои ду кишвар шавад.

Дар ин мулоқот таъкид шуд, ҳамкории ду кишвар боис мешавад дар ҳамаи ҳавзаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рушди босуботе эҷод шавад, ки ин барои ҳар ду тараф судманд аст.

Тарафайн ҳамчунин омодагии худро барои таҳкими равобити байнипарлумонӣ, аз ҷумла суръат бахшидани фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ иброз доштанд.

Тарафайн ҳамкории амиқ дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф, низомӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ, ҳамлунақл ва низ бахши амниятӣ бо ҳадафи таъмини субот дар минтақаро аз масоили муҳим ва зарурӣ баршумурданд.

Дар поёни ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз Нуриддин Исмоилов барои боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал овард.