Август 18, 2018 14:58 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми гароиш ба ДИИШ

Як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми гароиш ба гурӯҳи террористӣ - такфирии ДИИШ ва талош барои сафар ба Сурия ва ширкат дар ҷанг, маҳкум ба зиндон шуд.

Ба навиштаи сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон, Саъдуллоҳ Қазоқов, сокини ноҳияи Турсунзода, воқеъ дар марз бо кишвари Ӯзбакистон ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Вай ба василаи шабакаҳои маҷозӣ ҷазби гурӯҳи террористии ДИИШ шуда буд ва дар идома бо сафар ба Туркия, қасди рафтан ба Сурия ва пайвастан ба ин гурӯҳи такфириро дошт, ки аз сӯйи мақомоти Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун омори мухталифе аз пайвастани шаҳрвандони ин кишвар ба сафи ДИИШ ва кушта шудани бархе ва низ боздошт ва зиндонӣ шудани шумори дигаре дар ҳамин робита мунташир кардаанд.