Рубли Русия марҷаи муносиботи тиҷории Душанбе ва Маскав
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37447-Рубли_Русия_марҷаи_муносиботи_тиҷории_Душанбе_ва_Маскав
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз анҷоми муносиботи тиҷории байни ин кишвар ва Русия, ба василаи рубли Русия хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 18, 2018 19:33 Asia/Dushanbe
  • Рубли Русия марҷаи муносиботи тиҷории Душанбе ва Маскав

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз анҷоми муносиботи тиҷории байни ин кишвар ва Русия, ба василаи рубли Русия хабар дод.

Ба гузориши Ирно, Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт: Бо ҳадафи парҳези ду кишвар аз навасоноти нархи асъори байналмилалӣ муносиботи молии Тоҷикистон бо Русия, ки бузургтарин шарики иқтисодии Душанбе аст, бо рубл анҷом хоҳад шуд.

Ҳикматуллоҳзода афзуд, беш аз 20 дарсад аз кулли гардиши молии тиҷорӣ аз ҷумла 32 дарсад аз воридот ва ҳудуди 3 дарсади содироти Тоҷикистон бо Русия аст.

Ба гуфтаи вай, ҷойгузинии рубл метавонад арзиши ин воҳиди пулиро дар баробари соири асъори хориҷӣ ҳифз кунад.