Эҳтимоли иҷро нашудани тарҳи мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Русия бо рубл
Коршиноси мустақили умури иқтисодӣ ва молӣ дар Тоҷикистон муътақид аст, ки эҳтимол дорад Русия пешниҳоди тарафи тоҷикро дар бораи анҷоми муомилоти тиҷории ду кишвар бо рубли русӣ напазирад.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Ислом Анваров гуфтааст, ки далели ин бетаваҷҷуҳии Русия ба пешниҳоди Тоҷикистон тарози воридот ва содироти маҳсулот миёни Русия ва Тоҷикистон аст, ки ба нафъи Маскав аст ва саҳми тарафи Душанбе дар ин доду ситад ночиз аст.
Дар шаш моҳи нахусти имсол мизони муомилоти тиҷорӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба 469 миллиону 500 ҳазор доллар расид, ки ҳаҷми содирот аз Русия ба Тоҷикистон 448 миллиону 500 ҳазор доллар ва саҳми содироти Тоҷикистон ба Русия танҳо 21 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Ислом Анваров, дар шароите, ки тавозун дар муомилоти тиҷории Русия ва Тоҷикистон ба нафъи Маскав аст ва Русия ба арзҳои хориҷӣ ниёз дорад, Маскав тарҷеҳ медиҳад, ки ин доду ситад ба доллар анҷом шавад.
Чанд рӯз қабл Неъматулоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфта буд, бо ҳадафи парҳези ду кишвар аз навасоноти нархи арзҳои байналмилалӣ муомилоти молии Тоҷикистон бо Русия, ки бузургтарин шарики иқтисодии Душанбе аст, бо рубл анҷом хоҳад шуд.