Паёми табрики раисиҷумҳури Тоҷикистон ба сарвазири Покистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Имрон Хон, сарвазири тозаинтихоби Покистон паёми шодбошӣ фиристодааст.
Ба нақл аз Форс, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Имрон Хон изҳори боварӣ кардааст, ки дар давраи фаъолияти ӯ, муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон таҳким хоҳанд ёфт.
"Мо аз раванди рушди бемайлони робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем ва ҳамеша алоқаманди боз ҳам ғанитар гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо бо иқдомоти нави амалии ҳамкорӣ ҳастем. Зимнан омодагии хешро барои саъю талошҳои минбаъда дар ин ҷода иброз медорам", —изҳор доштаст раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон ба Имрон Хон саломатии комилу саодат ва дар роҳи таъмини рифоҳу шукуфоии ҷомеаи Покистон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми бародари кишвари Покистон сулҳу субот ва пешрафти рӯзафзун орзу намудаст.